расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Бонки миллӣ "Душанбе-плаза"-ро харидааст, маблағашро нагуфтанд

. / Иқтисодиёт

Бонки миллӣ "Душанбе-плаза"-ро харидааст, маблағашро нагуфтанд

Пештар гуфта мешуд, ки Бонки миллӣ бинои нав месозад.

Сурат: Asia-Plus
Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷойи бунёди бинои нав барои ин бонк бинои "Душанбе Плаза"-ро харидааст. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ имрӯз дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ "онҳо ҳисоб карданд, ки ин роҳ арзонтар аст. Тендер гузаронида шуд, аммо маблағе, ки харидан мо намедонем чӣ қадар аст".
Пештар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре расонаӣ шуд, ки Бонки миллӣ бинои нав месозад. Бар пайи он масъулони Бонки миллӣ гуфтанд, ки онҳо бинои нав намесозанд.
Аксҳоро саҳфаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ дар саҳфаи фейсбуки худ расонаӣ карда буд. Дар он гуфта мешуд, ки бинои эҳтимолии Бонки миллӣ аз 16 ошёна камтар нест. 
Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр доғ шуд ва баҳсҳои доманадоре сурат гирифт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менавиштанд, ки дар ин даврони буҳрони коронавирус, ки кишвар гирифтор аст сарфи маблағҳои ҳангуфт барои бинои нави Бонки миллӣ масрафи беҳудаест.
Баъди баҳсҳо аз дафтари матбуоти Бонки миллӣ ба "Азия-плюс" гуфта буданд, ки "онҳо бинои нав намесозанд ва сохтанӣ ҳам нестанд".
Ҳамчунин он замон аз Бонки миллӣ гуфтанд, ки қисме аз ҳайати кормандони Бонк дар бинои қаблӣ воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 23/2 дар шафати Вазорати молияи ҶТ (наздики Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) ва қисме дар бинои Душанбе Плаза кору фаъолият доранд.
Дар ҷойи бинои тахрибшуда Бонки миллӣ маҷмааи боғи нави "Истиқлолият" бунёд мегардад.

Бояд гуфт, ки овозаҳо дар бораи тахриб шудани бинои ҳозираи Бонки миллии Тоҷикистон кайҳост инҷониб ҷой доранд. Ҳанӯз соли 2018 Бонки миллӣ паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави Бонкдаъват карда буд.
Он замон зикр шуда буд, ки бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.
Сохтмони бинои тахрибшудаи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.

Бинои пештараи Бонки миллии кишвар дар хиёбони Рӯдакӣ рӯ ба рӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст. Ин бино то ҳол дар ихтиёри Бонки миллӣ қарор дошта, дар он баъзе раёсатҳо фаъолият доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.