расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

. / Ҳаводис

Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 4-уми феврали соли 2021, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар кӯчаи А.Юсупови шаҳри Ҳисор марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳии шаҳри мазкур бо падари муроҷиаткунанда марди 50-сола, муноқиша карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми феврали соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо ҳамсараш зани 33-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.