расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба латту кӯби муҳоҷирон парванда боз накард

. / Муҳоҷир

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба латту кӯби муҳоҷирон парванда боз накард


Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Оренбург. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбурги он кишвар дар робита ба латту кӯб шудани муҳоҷирон аз сӯи кормандони пулис ва муҳофизони Маркази боздошти муваққатии муҳоҷирон, парвандаи ҷиноӣ боз накард.
Кумитаи зидди шиканҷаи Русия рӯзи 25 август хабар дод, латту кӯби муҳоҷирон баъди он сурат гирифтааст, ки онҳо зидди манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар боздоштгоҳ шикоят кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбург гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши ибтидоӣ сурат гирифта ва нишонаҳои ҷиноят дар рафтори кормандони пулису муҳофизон ошкор нашудааст.
Охири моҳи июни соли ҷорӣ ду моҳиҷир - Зарифҷон Мирзоназаров аз Узбекистон ва Геннадий Тарасов аз Қазоқистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи Русия муроҷиат ва аз латту кӯб шудан дар Маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон шикоят карданд.
Ин муҳоҷирон гуфтанд, рӯзи 16 июн баъди эътироз аз манъи истифодаи телефонҳои мобилие, ки ба интернет пайваст ҳастанд, шиканҷа шудаанд.
Лаҳзаи латту кӯби муҳоҷирон дар навор сабт шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.