«Сирри давлатӣ»

«манбаъ» дар сохторҳои ҳукуматӣ онро  фош мекунад?

Ин масъалаи барои рӯзноманигорони ҳукуматӣ булаҷабро  аз замони пайдошавии васоити ахбори оммавии хусусӣ ё ба таври дигар озоду мустақил мушоҳида мекунем. Ҳангоми муроҷиат ба вазорату кумитаҳо ва корхонаву ташкилоти ҳукуматӣ барои  дастрас намудани рақаму далелҳо аксар вақт масъулини онҳо бо ҳар баҳона иҷрои дархости рӯзноманигорон (пеш аз ҳама, нашрияҳои ҳукуматӣ)-ро кашол медиҳанд, ё «ин сирри давлатӣ аст»,- гуфта, рад менамоянд.

  Вале ду-се рӯз пас дар қисми нашрияҳои озоду мустақил ҳамон рақаму далели «сирри давлатӣ»-ро мехонанду ангушти ҳайрат мегазанд.   Масалан, нашрияҳои «Азия-плюс», «Нигоҳ», «Миллат», расонаҳои интернетии радиои «Озодӣ», «Авеста» ва чанде дигар ҳангоми зикри ин факту рақамҳо,  кӯтоҳакак менависанд: «тавре манбаи мо дар вазорат иттилоъ медиҳад», «ба гуфтаи манбаъ», «манбаъ мегӯяд, ки…».

 Ҳайрон мешавем, ки он «манбаъ» дар мақомоти болои ҳукуматӣ кӣ бошад, ки  «сирри давлатӣ»-ро бо дилпурӣ ба расонаҳои мустақил фош мекунад?  Бандаи содаро, ки  солҳои зиёд дар нашрияҳои ҳукуматии «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Ҷумҳурият» фаъолият кардаам, борҳо бо баҳонаҳои хандаовари гӯлзананда ду даст дар пеши бар аз дар гуселондаанд. Мо ҳайрон мешавем, ки чаро дар нашрияҳои озоду мустақил мақолаҳои таҳлилию танқидӣ дар ҳар шумораашон ба табъ мерасанду бозори ҳангомаҳошон гарм аст. Сабабашро ахиран дар семинарҳои бозомӯзии Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва як ташкилоти ғайриҳукуматӣ  ёфтам. Ба саволам дар бораи чӣ ё кӣ будани «манбаъ» намояндаи аввалӣ шӯхиомез фаҳмонд: «яъне, манба (ба ман) иттилоъ дод».  Масъули ташкилоти ғайриҳукуматӣ бошад, дар танаффуси семинар маро ба гӯшаи хилвате бурда пурсид: «Бародар, шумо дар  рӯзномаи ҳукуматӣ чанд сомонӣ маош мегиред?». Гуфтам: «700 сомонӣ». «Ман дар «Озодӣ» аз 1000 доллар зиёд мегирам, ки  метавонам дар мақомоти давлатию ҳукуматӣ «манбаъ»-и доимии худро осонакак пайдо кунам. Ман барои факту далел ҷон намекоҳонам, «манбаъ» худаш бо ду дасти адаб дастрасам мекунад. Акнун фаҳмидӣ?» Дар ҷавоб бо аломати ризо сар ҷунбондам. Баъд аз ин ман ҳам ҷон намекоҳонам барои маоши ночиз шуда. Факту далелро аз сомонаҳои озоду мустақил бемалол истифода мебарам ва хонандаи худро пайдо намудаам.

Эмоми НАЗАРИЁН

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон