расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даст ба ҷиноят задани ҷавонон аз ҳиссиёти авбошӣ

. / Ҳаводис

Даст ба ҷиноят задани ҷавонон аз ҳиссиёти авбошӣ

735
Вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки баъзе ҷавонон дар пайи амалҳои бади худ ҳузури атрофиён ва ҷомеаро халалдор менамоянд ва даст ба кирдорҳои хилофи қонун зада, обрӯю эътибори хешро мерезонанд.
Чанд тан аз ҷавонон дар пайи баҳсу муноқишаи байнашон ба миён омада, рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ, соати тахминан 14:57-дақиқа, бо ҳам занозанӣ карда, дар ҷои ҷамъиятӣ бо овози баланд, бо истифодаи дашномҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, якдигарро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд.
Ин ҳодиса дар нуқтаи фурӯши тайёркунии «Ҳотдог», воқеъ дар шаҳри Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст.
Ятимов Эраҷ ва Рустамов Усмон, соли таваллудашон 2000, сокинони ноҳияи Вахш ба нуқтаи фурӯш омада ба Сафаров Меҳроб ва Маҳмудов Сангалӣ, соли таваллудашон 1998, сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки дар он ҷо ба ҳайси фурӯшанда кор мекунанд, суханҳои қабеҳ гуфта, бо курсии чӯбин ба сару рӯи Сафаров М. мезананд ва ба саломатияш зарари ҷисмонӣ мерасонанд.
Худи ҳамон рӯз бо мақсади гирифтани қасос Сафаров Меҳроб бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи чанд тан аз рафиқонаш дар маркази ноҳияи Вахш, Ятимов Эраҷ ва Рустамов Усмонро ба наздашон даъват менамоянд. Ва дар ин асно якдигарро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Рустамов Усмон бо асбоби махсуси зараррасон яъне «бита»-и оҳанини бо худ овардааш ба аъзои бадани яке аз ин ҷавонписарон, Қурбонов зада, ба саломатияш зарари ҷисмонӣ мерасонад.
737
Таассуфовараш ин аст, ки ин ҷавонон метавонистанд, ҷои даст задан ба кирдорҳои хилофи қонун барои рушду нумӯи кишвар саҳми босазои худро гузоранду дар фазои сулҳу осоиштагӣ озодона нафас бикашанд.
Нисбати боздоштшудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.