Падари чоргоникҳо аз Рустами Эмомалӣ дархости хона кард. Аз ҳукумати Сино чизе нарӯйид
Ӯ баъди талошҳои бенатиҷааш дар вазорати тандурустӣ ва ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе акнун ба шаҳрдор муроҷиат кард.
Сурат: аз падари чоргоникҳоДалер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст, то барои нигоҳубини фарзандон ба онҳо дар дарёфти манзил ёрӣ кунад.
Муроҷиати падари чоргоникҳо дар ҳолест, ки Далер рӯзи 28-уми декабр ба Вазорати тандурустӣ ва рӯзи 29-уми декабр ба ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои ба оилаи онҳо ёрӣ расонидан, расман, муроҷиат карда буд.
Далер Файзуллоев ба «Азия-Плюс» гуфт, «ду ҳафта қабл ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо мактуби расмӣ муроҷиат намудам ва дар дастгоҳ, гуфтанд, ки ҳатман бо мо тамос мегиранд. Ин муроҷтаи навбатиро дар ҳоле пешниҳод намудем, ки аз ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт ба мактуби мо ягон посухи дақиқ дода нашуд. Ҳоло умед ба Рустами Эмомалӣ дорем. Мақсади асосии муроҷиати мо хона аст. Чун мо оилаи ҷавон иҷорашин ҳастем ва хонаи шахсии худро надорем ва якбора ба воя расонидани 5 фарзанд ва соҳиби хона шудан барои мо хеле мушкил аст», - гуфт-падари чоргоникҳо.Ин падари ҷавон инчунин илова кард, ки мунтазири посухи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст ва дар сурати зарурат онҳо ба Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ва худи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳанд кард, ки оилаи ҷавони онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Ва умед дорад, ки ҳукумати кишвар ин оилаи ҷавонро пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар суҳбати қаблӣ Далер ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар яке аз ширкатҳо дар Душанбе кор мекунад ва иҷоранишин аст. Ба гуфтаи худи ӯ дӯстону шиносон бо ӯ тамос гирифта гуфтаанд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукумат оилаи ҷавони онҳо пуштибонӣ мешавад ва соҳиби манзили шахсии худ мегарданд.
Вале ӯ гуфта буд, ки то ҳол аз ҷониби намояндагони ягон мақомот ё сохтор бо онҳо тамос нагирифтаанд. Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми декабр ин чоргоник ба василаи ҷарроҳӣ таваллуд шуда будан ва дар шуъбаи эҳёи таваллудхона то чанд муддат зери назорати табибон қарор доштанд.