расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳамсари Поре пас аз анҷоми рақобат ба утоқи Макгрегор даромад - видео

Ҷомеа / Варзиш / Ҷаҳон

Ҳамсари Поре пас аз анҷоми рақобат ба утоқи Макгрегор даромад - видео

Ҳамсари Дастин Поре пас аз анҷоми рақобат ва пирӯзии шавҳараш, ба утоқи либоспӯшии Конор Макгрегор даромад
 Созмони UFC дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навори суҳбати завҷаи варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ва варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро нашр кард.
Мубориза байни ду ситораи UFC рӯзи 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.
Пас аз ба охир расидани қувваозмоӣ, Ҷоли Пореи 32-сола вориди утоқи либоспӯшии Макгрегор шуд ва ба ӯ барои мубориза, инчунин барои сармоягузорӣ ба бунёди хайриявии Поре изҳори сипос кард.
"Ман мехостам сипосгузорӣ кунам. Ташаккур барои ҳама чиз ташаккур, шумо барои беҳбудии зиндагии бисёр одамон кумак мекунед" -  гуфт Ҷоли ба Макгрегор.
Конор, дар навбати худ, Ҷолиро бо пирӯзии Дастин табрик гуфт ва қайд кард, ки ӯ муҳорибаи хубе барпо кард.
Ирландӣ инчунин ваъда дод, ки барои боздид ба Луизиана, ватани Поре меояд.

Read more: https://sputnik-tj.com/world/20210131/1032729652/hamsar-Pore-Makgregor-video.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.