расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Аркадий Ротенберг, дӯсти Путин гуфт, бӯстонсаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ аз ӯст

. / Ҷаҳон

Аркадий Ротенберг, дӯсти Путин гуфт, бӯстонсаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ аз ӯст


Бӯстонсаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ, ки Алексей Навалиний, пешвои мухолифини Русия мегӯяд, аз Владимир Путин аст.

Дӯсти Владимир Путин ва яке аз доротарин сарватмандони Русия дар як мусоҳиба гуфт, бӯстонсарои муҳташам дар соҳили Баҳри Сиёҳ, ки дар як филми мустанад “аз они Путин” гуфта мешуд, ба ӯ тааллуқ дорад.
Аркадий Ротенберг, ки бо бародараш аз моликони ширкати бисёрсоҳаи сохтмонӣ аст ва панҷ сол инҷониб зери таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, рӯзи 30-юми январ дар канали Mash (Телеграм) дар ин бора ибрози назар кард.
“Ҳоло ин сир нест. Ман молики ин бӯстонсаро ҳастам. Кори ин бино хеле печида буд. Сармоягузорони зиёде дошт, вале дар ниҳоят ба ман муяссар шуд, ки молики он шавам”, -- гуфт Ротенберг.
Ӯ афзуд, ки ин биноро чанд соле пеш ба даст овард, аммо ҷузъиёти доду ситадро ошкор накард. Ротенберг гуфт, мехоҳад, ин биноро ба меҳмонхона табдил диҳад, чун дохилаш утоқҳои зиёде дорад.
Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний рӯзи 19-уми январ таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад ин бӯстонсаро барои Путин сохта шудааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ин бӯстонсарои муҳташам на кам аз 100 миллиард рубл (1,35 миллиард) доллар арзиш дорад. Иван Жданов, як масъули Бунёди мубориза бо коррупсия гуфт, ки видео дар бораи ин бинои гаронарзишро на камтар аз 100 миллион нафар дар шабакаи иҷтимоии Youtube тамошо карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.