расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дарёфти ҷасадҳои хунукзадаи падару писар пас аз 7 рӯз дар кӯҳҳои Хоҷамастон

. / Ҳаводис

Дарёфти ҷасадҳои хунукзадаи падару писар пас аз 7 рӯз дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Онҳо дар оғӯши ҳамдигар дар яке аз нишебиҳои кӯҳ аз хунукӣ ҳалок шудаанд.


Сурат: акси марбута
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо ёрии аҳолии маҳаллӣ рӯзи 29 январ дар кӯҳҳои Хоҷамастон ҷасадҳои хунукзадаи падару писар - Баён Солеҳов ва Муҳтоҷиддин Солеҳов, сокинони деҳаи Загертии шаҳри Левакандро дарёфт намуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҳалокшудагон ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидов ба ҷустуҷӯи чорвои хонагии худ рафта, бедарак шуда буданд.
Ҳамон шаб дар кӯҳҳо барфи хеле зиёд борида, тумани ғализ фаромад ва ҳаво якбора хеле сард шуд.
“Ҷасади падару писар дар яке аз нишебиҳои кӯҳ дарёфт шуда, онҳо дар оғӯши ҳамдигар аз хунукӣ ҳалок шудаанд”, - қайд кард Юсуфӣ.
Ба гуфтаи котиби матбуотии Кумита, ҷустуҷӯи ҷасади ҳамсояи онҳо Рустам Саидов идома дорад.
Зимнан хотиррасон шуд, ки Кумита маҳз дар ҳамин давра аҳолиро аз худдорӣ кардан ба сафару саёҳат ба минтақаҳои кӯҳистон огоҳ карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.