расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Эрон тӯли ним сол 2 гӯштингир ба қатл расонида шуд

. / Ҷаҳон

Дар Эрон тӯли ним сол 2 гӯштингир ба қатл расонида шуд

Ҳар ду ба куштор айбдор дониста шуданд.


Меҳдӣ Алӣ Ҳусейнӣ
Дар Эрон пас аз айбдорӣ ба куштор гӯштингир Меҳдӣ Алӣ Ҳусейнии 30-сола ба қатл расонида шуд, хабар медиҳад Bloodyelbow.
Ҳусейнӣ соли 2015 ба гумони даст доштан дар куштор ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар кӯча боздошт шуд. Оилаи варзишгар авфи ӯро дархост накарданд. Ҳукм дар зиндони Дизфул дар ғарби Эрон ба иҷро расид.
Ҳамтоёни Ҳусейнӣ, аз ҷумла қаҳрамони олимпӣ оид ба гӯштингирӣ Ҳомид Сориён ба ҷонибдории ӯ талош варзиданд, лекин аз муроҷиати онҳо натиҷае ҳосил нашуд.
Ғайр аз ин, аз Департамени давлатии ИМА низ талаб шуд, ки ҳукми қатл ба иҷро расонида нашавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта низ гӯштингири дигари эронӣ Навид Афкарӣ ба қатл расонида шуда буд, ки ӯро ҳам дар куштор айбдор донистанд. Лекин мухолифон изҳор доштанд, ки Афкарӣ зери шиканҷа гуноҳашро эътироф намуда, барои иштирок дар эътирозҳои зидди ҳукумат ба қатл расонида шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.