расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Яхбаста ва дар оғӯши ҳамдигар. Ҷасади падару писарро ёфтанд

Ҷомеа / Ҳаводис

Яхбаста ва дар оғӯши ҳамдигар. Ҷасади падару писарро ёфтанд

Ҷасади Баён Салихови 45-сола, сокини деҳаи Зағертии Леваканд ва писараш Муҳтоҷиддини 14-соларо, ки ҳашт рӯз пеш ба ҷустуҷӯйи чорво ба кӯҳи Хоҷамастон рафта, бедарак шуда буданд, рӯзи 29-уми январ ёфтаанд.
Як сокини деҳаи Зағертӣ рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷасади падару писарро саҳарии имрӯз дар оғӯши ҳамдигар пайдо карданд". Ӯ афзуд, зоҳиран баъд аз боридани барфу фаромадани туман (меғ) онҳо роҳро гум карда, аз сардӣ дар оғӯши ҳам ҷон бохтаанд.
Қарор аст, намози ҷаноза ва маросими дафни падару писар рӯзи ҷумъа доир шавад. Аммо нафари севум, Рустам Саидови 22-сола, ҳанӯз ёфт нашудааст ва ҷустуҷӯяш идома дорад.
Сокинони деҳа мегӯянд, мақомот барои ёфтани се нафар як чархбол ва чанд саги бӯйгир доданд, аммо ҷасади ду нафарро сокинони деҳаи Зағертӣ ёфтанд. Дар чанд рӯзи охир ҳудуди 50 сокини кас довталабона ба ҷустуҷӯйи ҳамдеҳаашон баромада буданд. .
Қаблан Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, гуфта буд, вақте онҳо бегоҳии панҷшанбеи гузашта ба ҷустуҷӯи чорво ба кӯҳ рафтанд, барф набудааст, вале шабона ҳаво тағйир карда, барфи зиёд боридааст.
Сокинони деҳаи Зағертӣ гуфтанд, охирин тамоси онҳо аз кӯҳ соати шаши шоми 21-уми январ буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қаблан аз мардум хоста буд, дар рӯзҳои 22-23-юми январ ба кӯҳҳо нараванд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард, аз сафарҳои безарурат даст кашанд.
Охири ҳафтаи гузашта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.