расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Додгоҳ дархости вакилони дифои Отамбоевро қонеъ накард

. / Ҷаҳон

Додгоҳ дархости вакилони дифои Отамбоевро қонеъ накард


Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор буд, 28 январ баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Батукаевро идома диҳад.
Ба огаҳии Хадамоти матбуотии додгоҳ, вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз додрас хостаанд, ки ҳукми ҳабси шахси зери ҳимояашонро ба ҳабси хонагӣ тағйир диҳад. Вале додрас дархости вакилони дифоъро қонеъ накард.
Мурофиа низ ба хотири интиқол наёфтани Отамбоев ба додгоҳ ва ҳузур надоштани айбдоршавандаи дигар то ба 3 феврал ба таъхир гузошта шуд.
Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 30 ноябри соли гузашта ҳукми додгоҳҳои поёниро дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев бекор ва парвандаро барои бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ирсол кард.
Азиз Батукаев соли 2006 барои 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуда буд. Ӯро дар куштор, хариду фурӯш ва таҳияи силоҳ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор карданд. Аммо соли 2013 пеш аз муҳлат аз зиндони Норин дар асоси хулосаи табибон озод карданд ва Батукаев ҳамон рӯз Бишкекро ба қасди Чеченистони Русия тарк кард.
Моҳи январи соли 2019 вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин озодсозиро ғайриқонунӣ унвон ва парванда боз кард.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 23 июни соли 2020 Алмосбек Отамбоевро дар доираи парвандаи мазкур айбдор эълом ва ба 11 солу 2 моҳ бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Чанд мансабдори дигари Қирғизистон низ дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев муҷозот шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.