расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди 27-сола бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

. / Ҳаводис

Боздошти марди 27-сола бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми январи соли 2021, тахминан соати 02:00, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.