расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

. / Ҳаводис

Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 24-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд. Сипас гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба шиками ҷабрдида задааст.
Мувофиқи маълумотномаи суддӣ-тиббӣ ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.