расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Иброҳим Усмонов: Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем (видео)

. / Ҷомеа

Иброҳим Усмонов: Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем (видео)

Суҳбати ошкоро бо устоди журналистони кишвар, олими маъруф, арбоби давлатӣ, профессор Иброҳим Усмонов

-Шумо дар вазифаҳои гуногун хизмат кардед ва боз олимед, пас сухани он ки вазифа одамро аз илм дур мекунад, куҷо мешавад?
-Ман ба ин гуфта розӣ шуда наметавонам. Одаме, ки ба илм машғул шудан мехоҳад, бо вуҷуди вазифаҳои зиёд ҳам аз илм дур намешавад. Илм чизест, ки агар дар фикр пайдо шавад бояд гуфт, дигар пеши роҳи гуфтанро ягон вазифаву машғулияти дигар намегирад.
-Солҳои 1992—1993 декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ будед ва ба гуфтаи шумо ҳоло факултети журналистика фазои филологӣ дорад. Чӣ бояд кард, ки фазо журналистӣ шавад?
-Агар касе, ки ҳақиқатан ҳам журналистикаро мефаҳмад, дар факултети журналистика декан мешуд, ин факултет тамоман барномаи таълимии дигар ва услуби таълимии дигар медошт. Зеро дар ин факултет имрӯз ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам дар илм аз рӯҳияи журналистика дида, рӯҳияи филологӣ зиёдтар аст.
-Чаро муддати кӯтоҳ декан будед?
-Ман декан шуданӣ набудам. Аммо барои он ки факултетро ташкил кунанд, декан шудани ман зарур буд. Ман ҳамон вақт ба устод Воҳид Асрорӣ гуфта будам, ки танҳо ним сол деканӣ мекунам ва ҳамагӣ пас аз чор моҳ маро ба Ҳукумат даъват карданд ва ман рафтам.
-Кай бори охир ба факултети журналистика рафта будед?
-Ёд надорам, аммо рӯзи 31-уми декабр бо даъвати Қироншоҳ Шарифзода ҳамроҳи донишҷӯён ба сари мазори Бобоҷон Ғафуров рафтем ва суҳбат кардем.
-Шумо як муддат муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ва ҳам муддате раиси ин ниҳод будед ва корҳоеро ҳам ба сомон расонидед. Имрӯз телевизиони дар кадом ҳол қарор дорад?
-Телевизиони мо телевизиони консертӣ шудааст, вазифаи идеологиро иҷро намекунад. Афсӯс, ки ин ҳолат чандин сол аст, ки идома дорад. Телевизионе, ки ман кор мекардам, телевизиони идеологӣ буд.
-Дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳаст барномае, ки мунтазам бубинедаш?
-Гоҳ-гоҳ мебинам ва асосан ахбор мебинам, то ки аз вазъи кишвар бохабар бошам. Вале барномаи мушаххасе барои тамошо надорам.
-Дар шабакаҳои телевизионӣ киҳоро дорем ва киҳоро надорем? -Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем. Шоиргӯ ва шиорпарто дорем.
Суҳбати муфассал дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва видео дар ютюбканали pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.