расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сокини Уфа барои қатли марди "ПЕДОФИЛ" ҳашт сол зиндонӣ шуд. Куҷост адолат ? (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Сокини Уфа барои қатли марди "ПЕДОФИЛ" ҳашт сол зиндонӣ шуд. Куҷост адолат ? (ВИДЕО)


Имрӯз додгоҳ дар мавриди Владимир Санкин ҳукм содир кард.

Ин мард барои наҷоти ду кӯдак аз чаноли педофили ретсидивист ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Хотиррасон мекунам: педофили ду бор маҳкумшуда (мӯҳлати охирини таҷовузи кӯдак - 8 соли режими шадид) ду писарро ба даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дароварда, бо табар кудаконро таҳдид мекунад,то ки онҳоро таҷовуз намояд. Ба як кӯдак муяссар мешавад, ки аз ҷанголи ин марди ҳайвонсифат раҳо шавад. Ин кудак аз даромадгоҳи бино ба кӯчаи мебарояд. Дар наздикии даромадгоҳи бино аз наздаш Владимир Санкин мебарояд. Ин кудакк, ки тарс вуҷудашро фаро гирифта буд ба вай мард бо чунин суханҳо мегяд: "Амак, кӯмак кунед, дар он хона марде бо табар ба дӯсти ман таҳдид карда, ӯро маҷбур карда истодааст, ки ки узви таносулашро ба даҳонаш гирад."

Владимир Санкин ба даромадгоҳ давида, кӯшиш кард, ки кӯдакро аз чанголи педофил кашида гирад, аммо он педафил зарбаи сахт ба рӯйи ин мард мезанад, ки дар натиҷа зарбаи педофил ҷоғи Владимир Санкинро мешиканад. Муноқишаи сахт байни ин марди қаҳрамон ва ин педафил сурат мегирад, ки дар натиҷа Санкин ба педофил якчанд зарбаҳои сахт мезанад, ва ин марди педафил аз зарбаҳои Санкин ба ҳалокат мерасад.

Натиҷа: парвандаи ҷиноӣ алайҳи Санкин.
Ҳамин тавр, имрӯз суд ҳукмро эълон кард: 8 соли зиндон барои куштани як марди педафил, ки ин амали зиштаро такрор кардан мехост.

Ин ҳодиса метавонад сахт садо диҳад, аммо барои кули хонандагон педофили мурда аз кӯдаки мурда беҳтар, қурбонии педофил беҳтар аст.

Пас аз эълони ҳукм, рӯзноманигор ба Санкин савол дод: "Оё шумо пушаймон нестед, ки онҳоро наҷот додед?"
Дар зери садои "дастбандҳо" дар дастонаш, Санкин посух дод: "Не, ман пушаймон нестам!".

Вақтҳои охир дар кишвари мо низ чунин амали зишту гушхарош бисёр ба назар расида истодааст.
Бояд ҳар як фарди солимақл бар зидди чунин ашхосе, ки даст ба ин амали нангин мезананд муборизаи беамон барем.
Амали Санкин боиси таҳсину офарин аст. Марди ҳақиқӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.