расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ҚАДРДОНИИ МЧС РУСИЯ АЗ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАЛЕР ВА ФИРДАВС БАРОИ НАҶОТИ КӮДАКОН АЗ СӮХТОР ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ҚАДРДОНИИ МЧС РУСИЯ АЗ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАЛЕР ВА ФИРДАВС БАРОИ НАҶОТИ КӮДАКОН АЗ СӮХТОР ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)



Вазорати ҳолатҳои фавқулодда (МЧС)-и Русия дар як маросими тантанавӣ ба ду ҷавони зодаи Тоҷикистон Фирдавс ва Далер барои корнамоияшон ҳангоми наҷоти кӯдакон аз сӯхтор дар шаҳри Маскав сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Ёдовар мешавем, субҳи 26 август Дар кӯчаи Кубинкаи шаҳри Маскав дар пайи таркиш дар қабатаи чорум ва панҷуми як манзили панҷқабата сӯхтор ба амал омад. Фирдавс ва Далер, ки аз кор дар басти шабона бармегаштанд, билофосила ба ҷои ҳодиса шитобида, аввал ба зане, ки бо бадани сӯхта дар саҳни ҳавлӣ хобида буд, кумак расонданд. Сипас нидои даъват ба ёриро аз дохили манзили оташгирифта шунида, бо зинапоя ба он хона даромаданд ва кӯдакони дар банди оташ бандмондаро наҷот доданд.
Падари кӯдакҳо вақте ба ин ду ҷавон изҳори сипос мекард, ашки шодиашро пинҳон карда натавонист. «Кош чунин одамони нек бисёр бошанд», - гуфт ӯ.
Нашрияи «Москва 24» Далер ва Фирдавсро «қаҳрамонҳои рӯз» номид ва баъди қадрдониашон аз ҷониби МЧС навишт, «қаҳрамонҳо қадрдонӣ шуданд.»

Награды нашли своих героев

🔹Очевидцы, спасшие в среду детей во время пожара на улице Кубинка, получили благодарственные письма от МЧС. Еще до приезда экстренных служб Далер и Фирдавс спустили ребят по пожарной лестнице из задымленной квартиры.

🔹Подарочный набор от МЧС получили и дети, которые уже в день происшествия познакомились со своими спасителями.

ҚАҲРАМОНҲОИ РӮЗ: ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ФИРДАВС ВА ДАЛЕР ДАР МАСКАВ КӮДАКОНРО АЗ СӮХТОР НАҶОТ ДОДАНД (ВИДЕО)
"Шинос шавед: Инҳо Далер ва Фирдавс ном доранд. Онҳо қаҳрамонанд. Субҳи имрӯз ин ду ҷавон кӯдаконро аз сӯхтор наҷот доданд» - чунин навиштааст шабакаи «Москва 24» дар бораи корнамоии ин ду ҷавони тоҷик.
Фирдавс ва Далер ҳангоми бозгашт аз кор дар басти шабона диданд, ки манзиле дар кӯчаи Кубинка, 4 оташ гирифтааст. Онҳо аввал ба зане, ки бо бадани сӯхта дар саҳни ҳавлӣ хобида буд, кумак расонданд. Сипас нидои даъват ба ёриро аз дохили манзили оташгирифта шунида, бо зинапоя ба он хона даромаданд ва кӯдакони дар банди оташ бандмондаро наҷот доданд. Падари кӯдакҳо вақте ба ин ду ҷавон изҳори сипос мекард, ашки шодиашро пинҳон карда натавонист. «Кош чунин одамони нек бисёр бошанд», - гуфт ӯ.
Қаҳрамонони имрӯзи мо: ду ҷавони тоҷик дар шаҳри Маскав кӯдаконро аз оташ наҷот доданд
Ҳангоми сӯхторхомушкунӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Маскав рух дод, ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон Фирдавс ва Далер дар наҷоти мардум иштирок карданд ва кӯдаки хурдсолро аз хонаи оташгирифта наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.Ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон кӯдаконро аз сӯхторе, ки ахиран дар ғарби шаҳри Маскав рух дод, наҷот доданд, иттилоъ додааст шабакаи Telegram-и ”Москва-24”.
Маълум гардид ин ду ҷавони тоҷик бо номи Далер ва Фирдавс дар ҳамин бинои панҷ ошёна, ки дар кӯчаи Кубинкаи, 4 шаҳри Маскав аст ва дар он ахиран сӯхтор рух додааст, зиндагӣ мекарданд.
"Мо аз кор омадем ва мехостем истироҳат кунем. Ногаҳон ба гуши мосадои таркиш расид. Фирдавс гуфт биё равем бинем чӣ гап аст, шояд кӯмак лозим бошад”, - гуфт Далер.
Ин ду ҷавон тоза аз кор омада буданд ва вақте, ки сӯхтор сар зад, зуд ба кӯмаки мардум рафтанд. Аввал ду ҷавони тоҷик ба зане кӯмак расонданд, ки аз сӯхтор осеб дида, дар назди бино афтида буд. Далеру Фирдавс зуд ин занро ба ҷои амн бурданд ва дар нимкатчаи наздиктарин ӯро хобонданд.

Вақте, ки Далер ва Фирдавс садои наҷотро шуниданд зуд ба тарафи зинапояҳои эҳтиётӣ рафтанд ва як зан аз хонаи ба коми оташ гирифта ба онҳо кӯдаконро супурданд.
"Мо ҳама инсон ҳастем ва ба як дигар бояд кӯмак кунем”, - афзуданд ин ду ҷавони тоҷик.
"Знакомьтесь, это Далер и Фирдавс. Они герои. Сегодня утром парни спасали детей во время пожара.

Вернувшись с ночной смены, они услышали взрыв и отправились помогать. Сперва парни увидели женщину с ожогами, которая лежала на земле. Ее отнесли на ближайшую лавочку. Затем Далер и Фирдавс услышали крики о помощи. Тогда герои сегодняшнего дня по лестнице стали подниматься за детьми.

Молодые люди признались, что это не первый их подвиг. В Таджикистане им уже приходилось рисковать своей жизнью.”


Онҳо илова карданд, ки дар Тоҷикистон низ борҳо ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудаанд.
Марде, ки духтарчаашро наҷотот доданд, алакай аз ин ду ҷавони тоҷик изҳори минатдорӣ кард.
"Бояд ингуна шахсон зиёдтар бошанд. Агар онҳо намебуданд, ман намедонам, ки бо ман чӣ мешуд”, - ба ёд меорад сокини ҳамин манзили оташгирифта.
Падари кӯдакон таъкид кард, ки ҳангоми сӯхтор дар тиреза ҷавонеро дидам, ки ба ман гуфт "кӯдакро ба ман бидиҳ”. Вай кӯдакамро ба даст гирифту бо зинапоя ба поин ба ҷои амн расонд.
"Дар фикре будем, ки чӣ тавр писарамро наҷот диҳам, хушбахтона ҳамон лаҳза наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҷои сӯхтор расиданд. Онҳо зуд боло омаданд ва писарамро аз ҷои сӯхтор берун оварданд. Сипас моро ҳам берун оварданд”, илова кард марди ҷабрдида.
Ёдрас мешавем, ки сӯхтор дар яке аз биноҳои шаҳри Маскав санаи 26 августи соли равон рух дод. Дар ин сӯхтор, ки дар масофаи 55 метри квадратӣ, сурат гирифт, 16 нафар наҷот ёфтанд.
Гуфта мешавад, ки имкон дорад сӯхтор аз таркиши балони газ рух додааст. Аммо Мосгаз таъкид доштааст, ки таҷҳизоти газӣ сабаби сар задани ин сӯхтор нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.