Насби камераҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои эстакадаҳои Душанбе
Амали роҳгузаронро дар маҷмӯъ 49 камера сабт мекунанд.
Сурат: Аксҳо аз РВКД ДушанбеДар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино (маҳаллаи Қарияи Боло) 19-адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд.
Ҳамаи камераҳои видеоӣ аз ҷониби шаҳрдории пойтахт харидорӣ ва насб карда шудааст.