Яке ошиқи модарашро бо корд задаасту дигаре холаву шаҳарашро бо табар
Сурат: rusknife.comВазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки як марди 33-соларо барои ба модараш додани пешниҳоди муносиботи ошиқона корд задааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будааст, ки шаби 10-уми январ, тахминан соати 00.30 дар деҳаи Гулистон бо марде, ки гуфта мешавад, ба модараш занг задаву пешниҳоди муносибатҳои ошиқона додааст, ҷанҷол карда, ду бор ба шикамаш бо корд халидааст.
Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаасту нисбати ҷавон бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ҳамчунин ВКД аз боздошти марди 27-солае хабар медиҳад, ки шаби 10-уми январ бар пояи хусумати шахсӣ мехостааст холааш ва шавҳари холаашро, ки сокинони ҷамоати Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ будаанд, бикушад ва бо табар як бор бар сари холааш ва як бори дигар ба сари шавҳари холааш задааст. Гуфта мешавад, ки ҷабрдидаҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд ва пулис қазияро тафтиш мекунад.