расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ковид: Ду рӯз набуду боз шуд

. / Ҷомеа

Ковид: Ду рӯз набуду боз шуд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми январ эълон кард, ки дар як рӯзи гузашта чор ҳолати нави гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт шудааст.

Аз ин пеш, ду рӯз пайи ҳам Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт накардааст.
Ҳарчанд, мақомот нагуфтанд, ки дар он ду рӯз чанд касро ташхис кардаанд.
Дар умум, ба иттилои расмӣ аз охири моҳи апрели 2020 то 2-уми январи имсол 13300 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 1239 нафар шифо ёфтаанд.
Мутахассисону коршиносон мегӯянд, омори Вазорати тандурустӣ дуруст нест ва миқёси сирояти беморӣ ва талафот аз он ба маротиб бештар аст. Ҳукумати Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки то моҳи апрели соли гузашта сирояти коронавируси навро пинҳон дошт ва сабаб шуд, садҳо нафар бар асари СOVID-19 вафот кунанд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.