расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 10 ЧЕҲРАИ СОЛИ 2020

. / Ҷомеа

10 ЧЕҲРАИ СОЛИ 2020


Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳар сол моҳи декабр барои муайян кардани 10 чеҳраи намоён пурсиш анҷом медиҳад. Дар чанд соли охир ин чеҳраҳо пайваста тағйир меёбанд. Дар рейтинги соли 2020 шумо низ ин манзараро мебинед. Пурсиши имсола аз қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки дар қатори дигар ғолибон «Падида» ва «Ташаббускор»-и сол илова гардид.  10 фарди муваффақи соли равон киҳоянд? Натиҷаи пурсиши мо посух ба суоли шумост.
ВАЗИРИ СОЛ — Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА
ВАЗИРИ СОЛ — Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА
Соли равон респондентони рейтинги шахсиятҳои соли Тоҷикистон вазири солро дар симои Ҷамолиддин Абдуллозода – вазири тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон диданд.
Ӯ дар ин давраи вазнин, ҳассос вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид. Ӯ тавонист бо тадбирҳое, ки дар доираи дастурҳои Созмони байналмилалии тандурустӣ сурат гирифт, паҳншавии бемории короновирусро пешгирӣ ва роҳҳои табобати дурусти онро ба роҳ монад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки вазир шабонарӯз сари кор буд ва аз роҳбарони бемористонҳои кишвар аз соати 12 то 3-и  шаб  online ҳисобот мепурсид. Мувофиқи пурсишнома 93% пурсидашудагон Ҷамолиддин Абдуллозодаро «Вазири сол» интихоб намуданд.
СОҲИБКОРИ СОЛ — Маҳмудҷон МУРОДОВ
Маҳмудҷон Муродов, роҳбари Ширкати сохтмонии  “Сарманзил” зимни назарсанҷии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” соҳибкори муваффақи соли 2020 дониста шуд. Респондентони мо Маҳмудҷон Муродовро ба он хотир соҳибкори муваффақ донистанд, ки соли сипаришаванда бо иқдомҳои созандаи ӯ чандин биноҳои истиқоматии баландошёна дар маркази шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Ӯ дар як сол  ба панҷ оилаи ниёзманд ва маъюб хонаҳо бо тамоми таҷҳизоташ туҳфа кард. Ин соҳибкор дар арафаи идҳои Фитр ва Қурбон имсол ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонидааст. Мувофиқи пурсишнома 58% пурсидашудагон Маҳмудҷон Муродовро «Соҳибкори сол» интихоб намуданд.
РАИСИ СОЛ — Рустами ЭМОМАЛӢ
Дар пурсиши имсолаи “Тоҷикистон” Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нисбат ба дигар роҳбарон бештар овоз гирифт. Аксарият ӯро раиси сол эълон доштанд, зеро дар як муддати кӯтоҳ номбурда пойтахтро ба як шаҳри ҳамешасабз  табдил дод. Бунёди роҳҳои бисёрқабата, ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани  робита бо мардум аз дастовардҳои асосии ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳоло ӯ талош бар он дорад, ки Душанберо ҳамчун маркази саноатӣ ва содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷ ва Шаҳри ҳамесабз табдил диҳад.  Рустами Эмомалиро саховатманд ном мебаранд. Соли равон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор оилаҳои камбизоат ва маъюбони  пойтахт ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ беш аз 500 тонна маводи ғизоӣ кумак расонд. Мувофиқи пурсишнома 78% пурсидашудагон Рустами Эмомалиро «Раиси сол» интихоб намуданд.
ОЛИМИ СОЛ — Иззатулло ҒАНИЕВ 
Соли равон доктори илми химия, профессор, академик Иззатулло Ғаниев соҳиби дастовардҳои шоистаи илмӣ буд. Фаъолияти илмии Иззатулло Ғаниев ба омӯзиши диаграммаҳои ҳолати сечандаи алюминий бо металлҳои ишқорзаминӣ ва нодирзаминӣ  бо иловаҳои металлҳои саноатан муҳим монанди литий, берилий, магний, мис, рӯҳ, оҳан бахшида шудааст. Қисми зиёди корҳои таҳқиқотии ӯ ба омӯзиши хосиятҳои коррозионнӣ ва физикавӣ-химиявии хӯлаҳои алюминий, рӯҳ, сурб ва дигар металлҳои ранга, бахшида шудааст. Академик Ғаниев муаллифи зиёда аз 100 ихтироот аст, ки қисми зиёди онҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Россия истифода шудаанд. Зери роҳбарии ӯ наздики 50 нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд. Муаллифи зиёда аз 40 монография ва 1000 мақолаҳои илмӣ мебошад.  Дар асоси  пурсишнома 54% респондентон Иззатулло Ғаниевро  «Олими сол» интихоб намуданд.
САРОЯНДАИ СОЛ — Зулайхо МАҲМАДШОЕВА
Хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз миёни санъаткорони саршиноси кишвар бештар ба ҷонибдории Зулайхо Маҳмадшоева овоз доданд. Зеро номбурда соли 2020 новобаста ба пандемияи коронавирус  ҳунарманди фаъол буд. Дар ин давра ӯ албоми нави худро таҳти унвони “Намебахшам” ба мухлисонаш муаррифӣ кард. Ҳатто соли равон як нашрияи чинӣ зеботарин бонувони овозхони Осиёи Марказиро раддабандӣ карда, овозхони тоҷик — Зулайхо Маҳмадшоеваро дар рӯйхати зеботарин занони ҳунарманди Тоҷикистон ворид намудааст. Мувофиқи пурсишнома 63% пурсидашудагон Зулайхо Маҳмадшоеваро  «Сарояндаи сол» интихоб намуданд.
АДИБИ СОЛ — Тимур ЗУЛФИРҚОРОВ 
Нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи романҳои ҷаҳонии “Афъимори Марҷонӣ”, “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин”, қиссаҳои “Як рӯзи зиндагии Муҳаммад (с)” ва “Кӯдакии Исои Масеҳ” Тимур Зулфиқоровро аксари пурсидашудагон, ки аҳли адабу фарҳанг буданд адиби соли 2020 арзёбӣ карданд. Зеро нависанда аз рӯзҳои аввали паҳн шудани короновирус даҳҳо масали марғуб эҷоду нашр кард ва хонандагонашро рӯҳан дастгирӣ намуда таъкид кард: “Аз ин вирус наҳаросед!”. Ҳамчунин, ӯ имсол бо ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод», ки аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ таъсис ёфтааст, сарфароз гардид. Мувофиқи пурсишнома 66% пурсидашудагон Тимур Зулфиқовро «Адиби сол» интихоб намуданд.
БЛОГЕРИ СОЛ — Рафаэл ГУЛОВ
Рафаэл Гулов дар соли 2020 назар ба дигар блогерони тоҷик дар фазои маҷозӣ, махсусан дар Ютуб ва Фейсбук фаъол буд ва аз чандин маросиму ҷашнвораҳои намояндагони шоу-бизнес «Бекстейҷ» омода кард, бо овозхонҳои раддаи аввали эстрада, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова ва Зулайхо Маҳмадшоева мусоҳиба намуд. Ҳамчунин, чанд лоиҳаи дигари ӯ муваффақ буданд. Аз ин хотир 56%-и респондентон ӯро “Блогери сол” ном гирифтанд . 
ТАШАББУСКОРИ СОЛ — Саидмурод  ДАВЛАТОВ
Саидмурод Давлатов миёни мардуми Тоҷикистон асосан соли 2020 бештар маҳбубият пайдо кард. Иқдомҳои ӯ дар ташкили “Хонаи дониш” боиси ситоиш аст. Саидмурод Давлатов муассиси ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ва молики гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен низ ҳаст. Дар ин гармхонаи замонавӣ асосан сабзавот парвариш карда мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон зимни сафар ба вилояти Суғд  ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ кард. Ҳоло Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик бо китобу дарсҳояш дар бораи соҳибкорию пулкоркунӣ шинохта шудааст. Мувофиқи пурсишнома 73% пурсидашудагон Саидмурод Давлатовро «Ташаббускори сол» интихоб намуданд.
ПАДИДАИ СОЛ — Раъно НАСРИДДИНОВА
Исми Раъно Насриддинова баъд аз баромад дар сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент  ва иштирок  дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» расонаӣ гардид. Суханронии Раъно Насриддинова дар барномаи телевизионӣ аз ҷониби тамошобинон истиқболи гарм гирифт, зеро ӯ бисёр донишмандона ва ҳатто ба таъбири корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, файласуфона суҳбат мекунад. Ӯ бо иштироки фаъолаш дар ин озмун ғолиб баромад, 18-уми декабр дар шаҳри Душанбе дар чорабинии мутантан  «Шоҳҷоиза», диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулиро ба даст овард. Раъно Насриддинова дар даври вилоятии ин озмун дар вилояти Суғд ҳам «Шоҳҷоиза»-ро соҳиб ва 20 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Мувофиқи пурсишнома 88% пурсидашудагон Раъно Насриддиноваро «Падидаи сол» интихоб намуданд.
ҶАСОРАТИ  СОЛ — Муҳаммадҷон ҲУСЕЙНОВ
Номи Муҳаммадҷон Ҳусейнов, фелшери тоҷик аввали моҳи май бо як муроҷиатномаи видеоӣ расонаӣ шуд. Ӯ дар шабу рӯзи доман паҳн кардани бемории коронавирус аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахт мардумро партофта, аз кор гурехтанд, танқид кард. Баъдан, ӯ дар Рӯзи кормандони тиб ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боиси ситоиш ва намунаи ибрат дониста шуд.  Бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин табиби ҷавон барои ҷасорат ва ҳисси баланди ватандорӣ  соҳиби хонаи 2-ҳуҷрагӣ гардид. Инчунин, барои иодмаи ба таҳсил ба  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дохил шуд. Ҳоло ӯ дар шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Беморхонаи “Истиқлол” фаъолият дорад. Мувофиқи пурсишнома 74% пурсидашудагон амали Муҳаммадҷон Ҳусейновро «Ҷасорати сол» арзёбӣ карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.