расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АДОЛАТ БАРОИ ШАБНАМ: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ САРОСАРӢ БО ТАЛАБИ ҶАЗОИ САЗОВОР БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ КӮДАКОН

. / Ҷомеа

АДОЛАТ БАРОИ ШАБНАМ: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ САРОСАРӢ БО ТАЛАБИ ҶАЗОИ САЗОВОР БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ КӮДАКОН

Баъди онки додраси додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҳуснӣ Абдуллоев, нафари гунаҳкор дар таҷовуз ба номуси як духтари 12-соларо бар асоси қонуни афв озод кард, ҷавонони фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи густардаеро бо номи «Адолат барои Шабнам» бо талаби ба ҷазои сазовор расондани афроди гунаҳкор дар ҷиноятҳои ҷинсӣ алайҳи кӯдаконро ба роҳ андохтаанд.
Ин фаъолон бар ин назаранд, ки вақтҳои охир додгоҳҳои Тоҷикистон нисбат ба афроди гунаҳкор дар таҷовуз ба номуси кӯдакон ҳукмҳои хеле сабук содир карда истодаанд. Аз ҷумла ахиран додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ низ як ҷавони 18-солаи муттаҳам ба ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба як писарбачаи 12-соларо ҳамагӣ ба 160 соати корҳои ҷамъиятӣ маҳкум кард. Ҳамин тавр, моҳи август додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Ф.М. ном ҷавонеро, ки ба таҷовуз ба номуси як духтари 14-сола дар хобгоҳи “Текстил” айбдор мешуд, ҳамагӣ ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Фаъолон мегӯянд, набояд педофилҳо, яъне онҳое ки бачабозӣ мекунанд, дар озодӣ бимонанд. “Ва ин даъват аз сари эҳсос нест, балки даъват ба тантанаи адолат аст!” – менависанд онҳо.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.