Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти вазирони С5+1

Санаи 7-уми декабри соли 2016 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар сиғаи С5+1, ки бо ташаббуси Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, иштирок намуд. Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон