расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Чор ҷинояткори хавфнок ба Тоҷикистон фиристода шуданд

. / Ҳаводис

Чор ҷинояткори хавфнок ба Тоҷикистон фиристода шуданд


Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар бораи истирдоди чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, қарор қабул кард. Тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ, яке аз онҳо соли 2009 дар Душанбе ба як шаҳрванди Чин ҳамла кардааст. Ҳамлагар аз таппончаи пластикӣ истифода кардааст. Ҷинояткор аз ҷабрдида 26000 долларро рабуда, марди чинро ҷароҳатнок карда будааст. Ҳамон ҷинояткор бо маслиҳат бо як шарикаш мардеро бо истифодаи арматура ва корд куштааст. Зеро ҷабрдида нахостааст қарзи 4 ҳазор доллариро баргардонад. Айбдоршавандаи дигар дар хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир кумак кардааст. Нафраи сеюм, ки ба ҳайси кассир кор мекард, 171 чиптаи ҳавопайморо бо нархҳои барои шаҳрвандони болиғ муқарраршуда фурӯхта, аммо маълумотро дар бораи фурӯши чиптаҳо ба ноболиғон бо нархҳои арзон ба ҳуҷҷатҳо ворид кардааст ва фарқи арзиши онҳоро аз худ намудааст. Марди чорум соли 2015 ба хонаи шаҳрвандон даромада, амволи онҳоро дуздида будааст. «Ба туфайли амалҳои ҳамоҳангшудаи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ва мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконпазир гардид, ки мусоидат барои истирдод мусбӣ ҳал шавад», — гуфтанд дар Прокуратураи генералии Федератсияи Русия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.