расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги суръати интернет беҳтар шуд

. / Ҷомеа

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги суръати интернет беҳтар шуд

Ҳамин моҳи охир инро пай бурдед?

Сервиси маъруфи интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги ҳармоҳаи суръати васлшавӣ ба интернети Speedtest Global Index-ро нашр кард, ки дар он доир ба суръати интернети мобилӣ ва сабтшуда дар моҳи ноябри соли 2020 маълумот дода мешавад.
Раддабандӣ 176 кишвари саросари дунёро фаро гирифта, моҳи ноябр Тоҷикистон дар он аз зинаи 97-уми моҳи октябр ба зинаи 96-ум боло рафтааст.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ интернети суръаташ нисбатан хубтар дар Қазоқистону Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан дар зинаҳои 65-ум ва 76-уми раддабандӣ ҷойгир шудаанд.

Ӯзбекистон ду зина боло аз Тоҷикистон - 94-ум ва Туркманистон дар зинаи охири рейтиенг - 176-ум қарор доранд. Русия зинаи 89-умро ишғол кардааст.
Гуфта мешавад, босуръаттарин интернет дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Чин ва Австралия ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, то аввали моҳи июли соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3 млн нафар ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ - беш аз 5,9 млн нафарро ташкил дода буд, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.