расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон имсол паём намедиҳад

Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон имсол паём намедиҳад

Дар назар аст паёми Президенти Тоҷикистон соли 2021 ироа шавад.

Акси бойгонӣ/ Иҷроаи паём дар соли 2019
Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Имсол Эмомалӣ Раҳмон дар порлумони кишвар паём намедиҳад. Паёми  раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар назар аст, ки моҳи январи соли 2021 сурат бигирад, мегӯяд як манбаъ  аз ҳукумати кишвар.
Бояд гуфт, ки сар аз соли 2015 ба ин сӯ, президенти кишвар охирҳои моҳи декабри ҳар сол паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мекард. 
Ба гуфтаи манбаъ, далели ба моҳи январ вогузор кардани замони ироаи паём ба он вобаста аст, ки дар моҳи январи 2021 ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сурат мегирад, ки дар он аз соли гузашта натиҷагирӣ ва ҳамчунин барномаву ҳадафҳои соли нав баррасӣ мешаванд. 
Паёми президент ва ҷаласаи ҷамъбастӣ пайи ҳам дар фосилаи як ду рӯз баргузор мешаванд. 
Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёстаи дохилуву хориҷро мушаххас мекунад. 
Ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин  раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд. 
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамсола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд. 
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиониву радиоии кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Андрей | Гости

    ГОРНО-АЛТАЙСК ЕЙ МЕД С СОБСТВЕННОЙ ПАСЕКИ С ДОСТАВКОЙ ПО МОСКВЕ! Для заказа свяжитесь с нами! 89266014641 andrei7913@mail.ru Цена 600р/кг

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.