Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд.

“Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо дар бораи 519,9 километр дигар қитъаҳои сарҳадӣ созиш ҳосил шуда, он ба санад дохил шуд. Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ дар дохили ҳар кадоме аз кишварҳо мебоист дар ин бора байни кишварҳо созишнома ба имзо мерасид. Мо қисман расмиёти ҳуҷҷатҳоро анҷом додем, аммо ҷониби Қирғизистон бо сабабҳои гуногун  аллакай 6-7 сол аст, ки имзои онҳоро рад мекунад”, - гуфт вазир.

“Протоколи 34” ва роҳ ба Ворух

Сироҷидинн Муҳриддин проколи байнидавлатии аз соли 2014 байни кишварҳо имзошударо мисол овард.

“Мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдик ҳамзамон бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло - Ворух иҷоза шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд. Чунин қарордодҳо хеле зиёданд, лекин кишвари ҳамсоя ва бародар онҳоро иҷро намекунад”, - изҳор дошт вазир.

Зикр шуд, ки бо вуҷуди созишномаи дуҷониба дар бораи манъи корҳои сохтмон дар қитъаҳои баҳсӣ, Қирғизистон ба бунёди иншоот идома медиҳад.

Мувофиқи санади дар боло зикршуда, сохтмони роҳ 75% аз ҷониби Қирғизистон ва 25% аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, онро Қирғизистон месозад.

“Мо аз Қирғизистон риоя ва иҷрои ҳамаи қарордодҳои ҳосилшударо талаб мекунем, зеро онҳо аз ҷониби комиссияи дуҷониба омӯхта шуда, дар сатҳи баланд ба имзо расидаанд. Қирғизистон он замон бо ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда розӣ буд. Агар ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда риоя шаванд, дар мавзеъҳои наздисарҳади чунин вазъият ба вуҷуд намеояд”, - илова кард Сироҷиддин Муҳриддин.