Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми июл аз хоҷагиҳои Ҳисор боздид карда, бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони он шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар хоҷагии деҳоти “Ҳаёти нав” раисҷумҳур аз қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Талабшо Давлатов боздид кард.

Табиб Талабшо Давлатов бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода мекунанд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ кишти зироати лубиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз ду то се ҳосил аз як замин ба даст меорад.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лӯбиё, наску нахӯд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим кард.

1/15

Дар идома сарвари давлат бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” шинос шуд.

Дар ин хоҷагӣ ӯ ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшид. Ба сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият яке аз хоҷагиҳои намунавии шаҳри Ҳисор ба шумор рафта, 232,6 гектар замини корамро дар ихтиёр дорад.

Зикр шуд, ки ҷамъияти “50-солагии Октябр” дар самти парвариши дигар зироатҳои кишоварзӣ низ пешсаф буда, дар як қисми заминҳои обии он ҷуворимакка барои дон, пахта, сабзавот ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.

1/5

Сипас Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” боздид намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик ошно гардид. Дар 1,35 гектар замини хоҷагии “Файзи деҳқон” ва 3 гектар замини хоҷагии “Файзи Ҳоҷӣ” зироатҳои гуногун парвариш ёфта, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода ба фурӯш бароварда мешаванд.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид кард. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ манзур шуда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои асалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.

1/25

Пас аз ин сарвари давлат дар доираи сафар ба Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшид.

Корхонаро соҳибкорони ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд кардаанд. Дар он истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ ва қубурҳои асбестӣ ба роҳ монда шуда, инчунин нахи шиша коркард мешавад.

1/8

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, дар меҳмонии оилаи Усмоновҳо бо тарзи самараноки истифодаи 0,14 гектар қитъаи замини наздиҳавлигии онҳо шинос шуд.

1/9

Дар ҳамин ноҳия сарвари давлат ҳамчунин дар деҳаи Фалакон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия боздид карда, бо тарзу усули истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳа шинос шуд.