Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21-уми июл ҷаласаи Шӯрои амниятро дар робита ба вазъи мураккаби сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баргузор кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаи мураккаб шудани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.

Бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа раисҷумҳур ба аъзои Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дод, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд. 
Ҳамчунин сарвари давлат супориш дод, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявӣ ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус равона созанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр кардани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимии Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок карданд.