Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшид.

Бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ иборат буда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст. Ин ҷо бо ҳузуруи сарвари давлат боз як иншооти тиббии дигар - бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар қаламрави ин деҳот Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод. Майдони парчам дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар гирифта, баландии он бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад.

1/4

Президент дар деҳоти Хистеварз инчунин Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино аз 4 ошёна иборат мебошад. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ шароити мусоди фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамин ҷо ӯ бо кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

1/9

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и деҳоти Хистеварз шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст.

Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

1/5

Дар идома раисҷумҳур фермаи парандапарварии ҶДММ "Чӯҷаи Байзо"-ро ифтитоҳ кард. Ферма аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст.

1/6

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал боздид кард. Дар ин ҷо, аз ҷумла 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, навъҳои гуногуни асал ва прополис ба намоиш гузошта шуд.

1/26