Вохӯрии навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – ИМА” («С5+1») тариқи алоқаи конфронси видеоӣ имрӯз, 30-юми июн баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Дар машварат бо котиби давлатии ИМА Майкл Помпео ба ҷуз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Туркманистон - Рашид Мередов ва Ӯзбекистон - Абдулазиз Комилов иштирок мекунанд.

Дар ин машварат баррасии масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, густариши робитаҳои мутақобилаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИМА дар назар аст.