ҚАЛБИ ГЕНЕРАЛ ЗИЁРАТШОҲ АЗ ТАПИДАН БОЗМОНД...

ҚАЛБИ ГЕНЕРАЛ ЗИЁРАТШОҲ АЗ ТАПИДАН БОЗМОНД...

 Генерал-майори адлия Зиёратшоҳ Ғайратшозода дар синни 63-солагӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ аз олам чашм пӯшид. Ӯ тоза рӯзи 1 июни соли ҷорӣ аз мақоми сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нафақа рафта, ба зодгоҳаш – деҳаи Рохарв баргашта буд. "Акнун мехост дам бигирад, роҳати набераву дӯстону хешовандонро бинад, китоби саргузашташро варақ занад ва ёддошташро рӯйи саҳфа биоварад... Аммо умр вафо накард...” – навиштааст журналист Хилватшоҳи Маҳмуд дар марги генерал. Дар ду моҳи охир Зиёратшоҳ Ғайратшозода инак ҳаштумин генерали тоҷик аст, ки тарки ин дунё мекунанд...

ҚАЛБИ ГЕНЕРАЛ ЗИЁРАТШОҲ АЗ ТАПИДАН БОЗМОНД...
Ӯ ҳамеша бо чеҳраи хандон ва лабони моил ба табассум дар коргоҳу кӯчаву хона, миёни мардум, назди корафтодагон, ҷаласаву нишастҳо ҳувайдо мешуд.Боре ҳам нашуда, ки касе ӯро ғамгину сарафканда бубинад. Сари болову ғурур дошт, хушмуомилаву хушсухану хушрафтор, хушлибосу хушсавод буд. Хурду бузургро яксон дӯст медошт, агар бо тифле ҳамсӯҳбат мегашт, хиёл мекардӣ, ки ҳар ду дар як рӯзу соат зода шуда, ҳамсоланд.
Марди кор буд, қавли устувор дошт, аз мушкилӣ намеҳаросид, ҳамвора дар такопӯ, ҷустуҷӯ ва ҳалли муаммоҳои зиндагӣ талош мекард.
То се ҳафтаи қабл дар симмати Сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт. Аввали моҳи равон (бо хоҳиши худ) ариза навишта, аз мансабаш канор рафт. Акнун мехост дам бигирад, роҳати набераву дӯстону хешовандонро бинад, китоби саргузашташро варақ занад ва ёддошташро рӯйи саҳфа биоварад..., ба ин манзур аз Хоруғ ба зодгоҳаш- деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ баргашт.
Аммо...
Аммо умр вафо накард...
Қалби генерал, ки то ин замон ду бор сахт мариз шуда буд, ин дафъа қувват накард. Субҳи 25-июни соли 2020 бар асари сактаи дил ӯ аз дунё даргузашт.
Ёдат ба хайр, бародар, дӯст ва генерали асил!
ҲОЛНОМА :
ҒАЙРАТШОЗОДА ЗИЁРАТШО ПИРУМШО (ПИРОВ ЗИЁРАТШО), то 01.06.2020 сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон.
15 апрели соли 1957 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ҶТ ба дунё омадааст.
Соли 1964 ба мактаби миёнаи рақами 4-и Рохарв шомил шуда, онро соли 1974 ба итмом расонидааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) мебошад.
Моҳи майи соли 1976 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (ИҶШС) даъват шуда, дар шаҳри Владивосток хизмати низомиро адо кардааст. Аз моҳи июни соли 1978 то моҳи августи соли 1987 дар Шўъбаи корҳои дохилии комиҷроияи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар вазифаҳои навбатдори фаврӣ ва муффаттиш фаъолият кардааст.
Аз соли 1987 то моҳи марти соли 1990 иҷрочии Суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 1990 то моҳи ноябри соли 1998 дар мақомоти прокуратура ба ҳайси Ёрдамчии калони додситониҳои шахри Хоруғ ва шаҳри Душанбе, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ фаъолият намудааст.
Аз соли 1998 то моҳи августи соли 2000 ба ҳайси судяи Суди шаҳри Хоруғ кор кардааст.
Аз моҳи августи соли 2000 то моҳи апрели соли 2002 дар вазифаи сардори Ситоди ҲФ ва МГ ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт.
Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи майи соли 2015 сардори Шўъбаи маъмури-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ кор намудааст.
Аз моҳи майи соли 2015 то 01-июни соли 2020 дар мансаби сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт.
Бо Фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013, таҳти № 1498 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуда, аз 24 августи соли 2017, таҳти № 924 ба ӯ рутбаи дараҷавии "Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3" дода шудааст.
Соли 2018 бо амри Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода Пирумшо (Пиров Зиёратшо) унвони хизматии генерал-майори адлия дода шудааст.
Оиладор соҳиби 6 (шаш) фарзанд мебошад.
Ёду номи неки генерал дар қалби дӯстону ҳамкорону ҳампешагон то абад боқӣ хоҳад монд!
Ёдат ба хайр, ГЕНЕРАЛ!

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон