Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар натиҷаи тағйироти кадрии ахир дар сохторҳои ҳукумат курсии як вакилро дар палатаи поёнии парлумон аз даст медиҳад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сабабаш дар он аст, ки 20-уми июн бо фармони президент раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакили палатаи поёнии парлумон Ҳоким Холиқзода муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, имрӯз, 24-уми июн ӯ ваколатҳои худро дар Маҷлиси намояндагон ба сифати вакил месупорад.

Ҳоким Холиқзода 1-уми марти соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Балхӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар муддати 3 моҳ ба ҷойи ин вакил интихобот баргузор кунад.