расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УБАЙДУЛЛОЕВ ОРДЕНИ СИТОРАИ ПРЕЗИДЕНТ ДОД (86 АКС)

. / Президент

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УБАЙДУЛЛОЕВ ОРДЕНИ СИТОРАИ ПРЕЗИДЕНТ ДОД (86 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август 70 нафарро "барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат” бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб ва Алимуҳаммад Муродӣ соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Сангин Гулзода сазовори медали "Хизмати шоиста" шудаанд. 
Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки аз ҷумла 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени "Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали "Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида,бо фармони Эмомалӣ Раҳмон "собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.” Убайдуллоеви 68-сола моҳи апрели соли ҷорӣ баъди раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шудани писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба нафақа рафт.

Амирҷони Убайдулло, писари хурдии Маҳмадсаид Убайдуллоев ордени Ситораи президент, дараҷаи 1-ро "шакли олии қадрдонӣ”-и хидматҳои падараш унвон кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.