Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон