Машварати видеоии намояндагони Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон

28 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар машварати видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар машварат масъалаҳои муборизаи муштарак бо бемории ҳамагири COVID-19 ва абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани пайомадҳои иқтисодии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муҳокима гардиданд. Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид нақши ин ниҳодро дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагири COVID-19 муаррифӣ намуд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои навбатии сиғаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон