Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СААД, мақоми Нозир ва Шарики СААД, инчунин ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ-ро муҳокима намуданд.

Зимни баррасии вазъияти бавуқӯъомадаи эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии  коронавируси нав, С.Муҳриддин дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат бо интишори коронавирус дар кишвар маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистонро дар доираи СААД қайд карда,  зарурати муборизаи шадид бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳро таъкид намуд.

Дар робита ба вазъият дар Афғонистон С.Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон, ки дорои тӯлонитарин сарҳад бо он кишвар аст, тамоми чораҳои низомию сиёсиро ҷиҳати рафъи хатарҳо андешида истодааст. Таъкид гардид, ки вазъияти кунунӣ аз тамоми кишварҳои узви СААД вокуниши муносиб, ба вежа гузоштани қадамҳои таъхирнопазирро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии Созмон талаб мекунад.

Вазирони корҳои хориҷӣ чанд изҳороти муштарак, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамбастагиву ҳамёрӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус, роҷеъ ба дастгирии даъвати Дабири кулли СММ ба эълони ҷаҳонии оташбас бино бар ҳамагирии COVID-19, роҷеъ ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва роҷеъ ба таъйиди пойбандӣ ба аҳдофу усули Ойинномаи СММ-ро қабул карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар интиҳои ҷаласа чанд қарор, ки ба рӯзномаи Шӯрои вазирон дохил шуда буданд, қабул гардиданд.