Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ, соли 1983 оғоз гардида, лекин бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта мутавақиф гардида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, тибқи нақшаи шаҳрдорӣ, беморхонаи нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Бузургтарин беморхонаи Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем бунёд мешавад. Ин ҷо дар майдони беш аз 10 гектар даҳҳо биноҳои панҷ ва ҳафтошёна сохта шуда, дар як вақт дар он 1,5 ҳазор нафар муолиҷа гирифта метавонанд.

Айни замон мутахассисон ҳолати иншооти қариб 30 сол пеш сохташударо мавриди санҷиш қарор дода, ба наздикӣ наздики 300 нафар бинокорон ба корҳои сохтмон дар иншоот шурӯъ хоҳанд кард.

Сохтмони беморхонаи сироятӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон ва буҷети шаҳрдории пойтахт маблағгузорӣ мешавад. Бо чӣ миқдор маблағ, алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Сарвари давлат супориш дод, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, худи ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз карда шавад.