ВИДЕО: ОМОН БАРОИ ПАРОКАНДА КАРДАНИ ЭЪТИРОЗИ КОРГАРОНИ ХИТОӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ СИЛОҲ ИСТИФОДА БУРД

 ВИДЕО: ОМОН БАРОИ ПАРОКАНДА КАРДАНИ ЭЪТИРОЗИ КОРГАРОНИ ХИТОӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ СИЛОҲ ИСТИФОДА БУРД

 Рӯзи 20 май нирӯҳои ОМОН барои пароканда кардани эътирози коргарони Ширкати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтин-Топқан) дар 90-километрии шаҳри Хуҷанд аз силоҳ истифода бурда, ба ҳаво тир холӣ кардааст.

Дар видеое, ки шоҳидони ҳодиса ба сомонаи «Ахбор» фиристоданд, дида мешавад, ки чӣ гуна нирӯҳои ОМОН тирандозӣ мекунанд ва издиҳоми ҷамъшуда баъди шунидани садои тир аз назди корхона пароканда мешаванд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса тақрибан нимаи рӯз рух додааст.

Шоҳидон нақл карданд, ки як гуруҳи коргарони хитоии Ширкати кӯҳӣ-металлургӣ алакай чанд дафъа боз бо талаби ба Хитой баргардондани онҳо даст ба чунин эътирозҳо мезананд. Дар пайи ба далели таҳдиди паҳншавии коронавирус баста шудани марзҳо ин коргарони хитоӣ чанд моҳ боз дар шимоли Тоҷикистон дармонда, ба Ватани худ баргашта наметавонанд.

Овозаҳое бархоста буд, ки қаблан ду коргари ин корхона ва ҳафтаи гузашта боз якеи дигар қурбони коронавирус шудааст ва ин боиси бо талаби бозгашт ба Ватанашон даст ба эътирохҳо задани коргарони хитоӣ шудааст. Коргарони норозӣ ба нишони эътироз шишаҳои тирезаҳои бинои идораи корхонаро зада шикаста, чанд мошинро ҳам хароб кардаанд. Баъди ин барои ором кардани эътирозгарон нирӯҳои ОМОН-ро ба Зарнисор даъват кардаанд.

Ширкати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтин-Топқан) дар наздикии шаҳри Табошар ва дар 90-километрии шаҳри Хуҷанд ба истихроҷи маъдани мису симоб ва қӯрғошим машғул аст. Маъдани истихроҷшуда аз ин ҷо дар шакли консентрат ба корхонаи коркарди маъдани шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон бурда мешавад.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар Ширкати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистону Хитой ҳудуди 2500 нафар кор мекунанд. Дар эътирозҳо, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор», ҳудуди 100 коргари хитоӣ иштирок кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон