ФАВРӢ! ҲАВОПАЙМОИ «ТОҶИК ЭЙР» ТОБУТИ 28 МУҲОҶИРИ ФАВТИДА ВА 213 МУҲОҶИРИ ИХРОҶШУДАРО АЗ МАСКАВ БА ДУШАНБЕ МЕБАРАД (ВИДЕО)

ФАВРӢ! ҲАВОПАЙМОИ «ТОҶИК ЭЙР» ТОБУТИ 28 МУҲОҶИРИ ФАВТИДА ВА 213 МУҲОҶИРИ ИХРОҶШУДАРО АЗ МАСКАВ БА ДУШАНБЕ МЕБАРАД (ВИДЕО)

 Шаби 19 ба 20 май аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бо ҳавопаймои чартерии ширкати «Тоҷик Эйр» ҷасади 28 шаҳрванди тоҷики дар ду моҳи охир дар Русия фавтидаро ба Ватан мебаранд. Дар ҳамин парвоз ҳамчунин аз Русия ба Тоҷикистон 213 муҳоҷири тоҷикеро мебаранд, ки ҳукми ихроҷашон аз Русия содир шудаву онҳо чандин моҳ боз дар боздоштгоҳи Сахарово қарор доштанд. Дар ин бора ба сомонаи «Ахбор» ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Каримҷон Ёров хабар дод.

Дар видеое, ки Каримҷон Ёров дар ихтиёри «Ахбор» гузошт, дида мешавад, ки приставҳои Русия як гуруҳи бузурги муҳоҷирони тоҷикро қатор карда, ба тарафи нуқтаҳои сабти ном ва гумруку хатти марзи фурудгоҳи Домодедово бурда истодаанд. Муаллифи видео мегӯяд, ин муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷиканд, ки аз боздоштгоҳ овардаанд ва ба Душанбе мефиристанд.

Дар онлайн – таблои фурудгоҳи Домодедово гуфта мешавад, ки ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» соати 21:30 расид ва алакай соати 23:00 бо парвози рақами 7J 628 ба Душанбе бармегардад.

Қаблан ҷониби Русия Душанберо ба он айбдор карда буд, ки ба фарқ аз Ӯзбекистону Қирғизистон – кишварҳои дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – бо мақомоти Русия дар мавриди ба Ватан баргардондани шаҳрвандони ихроҷшудааш ҳусни ҳамкорӣ нишон намедиҳад.

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи «Ахбор», фақат дар боздоштгоҳи Сахарово беш аз 200 муҳоҷири тоҷики ихроҷшуда ҷамъ шуда буд. Ҳамин тавр, дар боздоштгоҳи Санкт-Петербург беш аз 110 муҳоҷири тоҷик ва дар Екатеринбург 85 тоҷик мунтазири ихроҷашон ба Тоҷикистон мебошанд. Дар боздоштгоҳҳои минтақаҳои дигари Русия, аз ҷумла дар Тула, Рязан, Воронеж, Владимир, Саратов низ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия маҳкум ба ихроҷ шуда, мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон