«БЕТАРАФӢ ХУД НИШОНАИ МАРГ АСТ». Андешаҳои профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни Тоҷикистон

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо  аҳли илму маорифи   мамлакат, ки дар  остонаи ҷашни  байналмилалии  Наврӯз доир гардид, дар рушди илму маориф нақши калидӣ мегузорад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

-Президенти ҷумҳурӣ андешаҳои худро доир ба дурнамои  рушди илм, маориф ва беҳтар намудани  омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзию дақиқ, ташаккул додани  тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан  ба навовариву  ихтироъкорӣ, бурду бохти  раёсат ва  институтҳои  Академияи  илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ,  сохторҳои  онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ  баён намуда, дастуру ҳидоятҳои худро барои  беҳбудӣ ва рушди илми ватанӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон  аҳли илму маорифи мамлакатро муваззаф намуданд, ки  дар  шароити  соҳибистиқлолии Ватани азизамон бояд дар қатори  забони давлатӣ ба рушди забонҳои дигар, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ  таваҷҷуҳи зиёд дошта бошем.

Пешвои миллат зимни суханронӣ вазъи чандсолаи  илми тоҷикро таҳлил намуда, дар қиёс  бо солҳои пешин  изҳори нигаронӣ намуда, бо нишондоди дастоварду  ихтироот ва дигар пешравиҳои илмӣ  ибрози ақида доштанд, ки «иқтидори  кадрии  Академияи  илмҳо имрӯз назар ба солҳои  пеш хеле  коҳиш ёфтааст».

Дарвоқеъ, омилҳои зиёди объективию  субъективие  буданд, ки таъсири манфии худро  на танҳо  ба  кадрҳои унвондори илмӣ, балки ба сохтор ва  тартиби  иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ расониданд. Новобаста ба ин,  Сарвари давлат  ба дастовардҳои  илми  академӣ  дар  замони соҳибистиқлолӣ  баҳои шоиста дода, барои рушди ояндаи он назари хеле  некбинона доранд.

Барои  тақвияти амалҳои илмпарварона ва пуштибонӣ  аз олимону илми ватанӣ гуфта метавонем, ки агар  Ҷаноби Олӣ Академияи илмҳоро  дар   замони тағйирпазирии ҷомеа   намекарданд, академияи мо низ мисли академияҳои баъзе  кишварҳои  пасошӯравӣ  шояд тамоман аз байн мерафт ва  мо тамоми дастовардҳои  илми академиро аз даст медодем.  Аз ин рӯ,  то замоне, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавҷуд аст, ин иқдоми хирадмандонаи  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми шоиста ва  назари некбинона   дар зеҳну тафаккури  олимону муҳаққиқон барои   нигоҳ доштани  илми академии тоҷик ҷовидона мемонад.

Суханронии Ҷаноби олӣ, таҳлилҳои  хеле  қавии мантиқӣ ва муносибату муоширати ӯ дар ин мулоқот аз он шаҳодат медиҳанд, ки  Пешвои миллат бо боварии том  пешравии  давлатро  дар  рушди илму маориф  мебинанд. Барои  аҳли зиё низ   дар ин мулоқот  боз  чанд  иқдому пешниҳодҳое манзур шуданд, ки хеле  саривақтӣ буда, аз ҷониби аҳли илму маърифат  дастгирии пурра ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки  илм  системаи  донишҳоест, ки барои  дар амал татбиқ  намудани онҳо  вақт, маблағгузорӣ  ва заҳмати зиёд зарур меояд  ва дар   кишваре, ки  ба  илму дониш  таваҷҷуҳ ва  арҷ  гузошта  намешавад, дар он ҷо ояндаи хубро интизор  шудан мумкин нест. Раванди пайваст намудани илм  бо истеҳсолот низ ба манфиат, муносибату ҳамкории  дуҷониба ва кордонии  роҳбарони  муассисаҳо вобастагӣ дорад, ки дар ин раванд боз зарфияту омилҳои дигари  субъективӣ  ҳам мавҷуданд.

Ин аст, ки Ҷаноби олӣ зарар ва  офати илмро дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат  ба се  манбаи  субъективӣ вобаста намуданд, ки  барои ҳар як олим ва муҳаққиқ  дарси  омӯзишу баҳрабардорӣ  мебошанд:  «Якум, эътироф нашудани истеъдоди асил, дуюм, худбоварии мутлақ ва нашинохтани иштибоҳи худ ва сеюм, ворид шудани ғараз дар илм  ва  муносибатҳои илмӣ».

Мутаассифона,  ин се манбаи субъективии  таҳдидангез дар миёни  аҳли  илму  маърифат вуҷуд доранд, ки  Ҷаноби Олӣ онҳоро дақиқан дарк намуда, барои ислоҳ ва аз байн бурдан   баррасӣ  намудаанд. Чунин  андешаи консептуалӣ  хусусияти дидактикӣ  дошта, барои  таълиму тарбия ва тайёр кардани  кадрҳои  баландихтисос бисёр муҳим аст.

Инчунин зимни мулоқот гуфта шуд, ки «ҳоло низ  дар интихоби  мавзӯъҳо  саҳлангорӣ  мушоҳида шуда, маблағҷудокунӣ  ба  илмҳои  барои кишвар зарурӣ  кам мебошад». Аз ин рӯ, Пешвои миллат Академияи илмҳоро  муаззаф намуданд, ки бо ҷалби  иқтидори илмии донишгоҳҳои  мамлакат ва дигар  муассисаҳои  таҳқиқотӣ  барномаи  дарозмуддату фарогири тарбияи кадрҳо бо дарназардошти ҳадаф ва  манфиатҳои миллӣ  таҳия  намуда, дар самти тайёр кардани  мутахассисони  сатҳи  баланди илмӣ  тадбирҳои иловагӣ  андешанд.

Нуқтаи дигаре, ки  сабаби таваҷҷуҳи  аҳли  зиё  гардид, ин  ишораи  Ҷаноби Олӣ ба бетарафии аҳли зиё  мебошад ва тавре таъкид намуданд, «бетарафӣ худ нишонаи марг аст». Саддарсад дуруст аст! Антон Павлович Чехов ҳам дар ин бобат гуфтааст: «Бетарафӣ – ин фалаҷ гаштани тану ҷон ва марги бармаҳал аст».

Пешвои миллат вобаста ба фориғболӣ ва бетарафии як зумра зиёиёни мо дар  сар задани ҷанги шаҳрвандӣ  иброз доштанд, ки «мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, асолати давлатдории миллиро  ҳамчун пояи  устувори  давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем…». Ҷаноби Олӣ  изҳори умед намуданд, ки  аҳли илму маориф ва зиёиёни эҷодкор бо осору таҳқиқоти илмӣ  ва мавқеи  фаъоли ватандӯстона  аз илми ватанӣ дифоъ мекунанд ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар   ба харҷ медиҳанд.

Хулоса,  мулоқоти  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо олимони ҷумҳурӣ -ин таваҷҷуҳи хосса ва иқдоми   созандаю сафарбарнамоӣ  ба рушди илму маърифат мебошад, ки барои  муттаҳид намудану  эҳё кардани  илми ватанӣ такони ҷиддӣ  бахшида,  мақому мартабаи олиму  илмро дар ҷомеа   қадрдонӣ кардан аст.

Дар баробари ин, аз мақсаду муҳтавои  суханронии Ҷаноби Олӣ бармеояд, ки яке аз аломатҳои  асосии устувории давлатдорӣ  дар  замони  ҷаҳонишавӣ  аз он иборат аст, ки олимону  таҳқиқотчиён  ва истеъдодҳои ҷавони мамлаакт бояд бештар зираку  қодир бошанд ва дар кашфиёти  илмӣ  комёбӣ  ба даст оварда тавонанд. Чунин  ҳолат пажӯҳишгаронро на танҳо  ба дараҷаи  эҳтироми умумӣ  бурда мерасонад, балки онҳо  бо  чунин  комёбиҳо дар ҳимояи Ватан ва манфиатҳои миллӣ  саҳми  худро гузошта метавонанд.

Ҳамзамон  пешниҳоди  Президенти ҷумҳурӣ барои иваз намудани номи Акдемияи илмҳо  бо Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон-  ин  иқдоми шоиста  ва таваҷҷуҳи хосса доштани  Ҷаноби олӣ   ба   олимону  таҳқиқотчиёни  мамлакат мебошад, ки сабаби ифтихору эҳтироми миллат ва бақои илми  тоҷик аст.

Вохӯрии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён-олимон  бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳи  Ҷаноби олӣ ба илму дониш беандоза буда, рушду нумӯи онро  ба фазилат, дақиқии ҳиссиёт, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва  таҳлилу  таҳқиқи дурусти вазъи мамлакат вобаста медонанд.

Бинобар ин, суханронии  мазкур  дар байни  олимону  аҳли  зиёи ҷумҳурӣ ҳисси баланди қаноатмандиро ба миён овард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон