Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми март бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимнан масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарори гирифтанд.

Сарони ду кишвар ба паҳншавии бесобиқаи коронавируси нав ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ба ин манзур зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои пешгирии паҳншавии фаромарзии ин бемории сироятӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дасгирии дохилиминтақавӣ таъкид гардид.

Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ кардани иқдомҳои муштарак бо ҳамаи кишварҳои минтақа иброз дошт.

Дар рафти суҳбат президентҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи маъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Зимнан зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ махсус таъкид карда шуд.

Ёдовар мешавем, аз 24-уми март бо сабаби эълон гардидани ҳамагирии коронавирус COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баста шуданд. То 29-уми март дар Қирғизистон 84 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудааст.