Путин: Овоздиҳӣ ба тағйири Конститутсия дар вақти дигар барпо мешавад

Путин бори 12-ум аст, ки тавассути телевизион ба мардумаш муроҷиат мекунад
Путин бори 12-ум аст, ки тавассути телевизион ба мардумаш муроҷиат мекунад

Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки овоздиҳӣ барои қабули ислоҳҳо ба Конститутсияи ин кишвар ба вақти дигар гузошта мешавад. Бори 12-ум аст, ки Путин дар давоми чор давраи раёсатҷумҳуриаш тавассути телевизион ба мардум муроҷиат мекунад.

Путин гуфт, дар пасманзари паҳншавии коронавирус тасмим гирифт, таърихи баргузории раъйпурсӣ ба санаи дигар гузаронида шавад. Қарор буд овоздиҳӣ барои қабули тағйироти конститутсионӣ, ки шарти асосиаш ба ҳеҷ баробар кардани собиқаи гузаштаи раёсатҷумҳурии Путин ва боз кардани имкони ширкати баъдии ӯ дар интихоботи ояндаи президентӣ мебошад, 22-юми апрел баргузор мешуд.

Элла Памфилова, раиси Комиссиюни интихоботии Русия гуфт, ки дар ҷаласаи изтирории ин ниҳод рӯзи ҷумъа ин мавзӯъ баррасӣ мешавад.

Путин дар суханрониаш рӯзи 25-уми март гуфт, ки мардуми Русия аз 28-уми март то 5-уми апрел ба таътили сартосарии якҳафтаина ҷавоб дода мешаванд. “Амнтарин кор ҳоло дар хона будан аст”, - гуфт Путин.

Ӯ гуфт, барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари вирус тамоми захираҳои тиббӣ сафарбар шудаанд. Путин инчунин гуфт, дар давоми моҳҳои наздик ба оилаҳои соҳиби фарзанди хурдсол кумакпулӣ дода мешавад. Пардохти кумакҳои иҷтимоӣ дар давоми ним соли оянда тамдид карда мешавад.

Ӯ инчунин гуфт, ки дар пардохти қарзҳои бонкӣ сабукӣ ҷорӣ мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон