Президенти Покистон бо сафари расмӣ ба Чин меравад

Орфи Алвӣ
Орфи Алвӣ

Ҳукумати Покистон эълон кард, ки президент Ориф Алвӣ рӯзҳои 16 ва 17-уми март барои дидор бо раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ва мансабдорони дигари баландпояи ин кишвар ба Пекин меравад.

Дар баёнияи ҳукумати Покистон аз 15-уми март гуфта шудааст, ки ин сафар бо мақсади таҳкими бештари пайвандҳои таърихӣ байни Покистону Чин сурат мегирад. Ҳукумати Покистон Исломободу Пекинро дӯстони наздиктарин ва шарикони боэътимод тавсиф кардааст.

Ин сафари аввалини расмии Ориф Алвӣ ба Чин, яке аз шарикони стратегӣ ва сармоягузори асосӣ дар иқтисоди Покистон, аст.

Аммо сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин вируси нави корона кашф шуд ва он то кунун дар беш аз 150 кишвари ҷаҳон паҳн шуда, боис ба марги беш аз 6 ҳазор нафар гардидааст.

Покистон рӯзи 16-уми март аз 41 мавриди нави гирифтории сокинон ба вируси нав хабар дод ва дар маҷмуъ шумораи мубталоён дар он кишвар ба 94 нафар расид. Даҳҳо нафари дигар дар карантин ва зери назорати пизишкон ҳастанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон