Минтақаҳои Русия тағйирот дар Конститутсияро пазируфтанд

Путин дар ҷаласаи парлумонӣ суханронӣ мекунад. 10 март
Путин дар ҷаласаи парлумонӣ суханронӣ мекунад. 10 март

Тамоми минтақаҳои Русия тағйирот ба конститутсияи ин кишварро пазируфтанд, ки дар амал ба президент Владимир Путин имкони барои 16 соли дигар дар сари қудрат монданро фароҳам мекунад. РИА Новости бо нақли қавл аз Андрей Клишас, раиси кумитаи палатаи болоии порлумони Русия оид ба қонунҳои конститутсионӣ рӯзи 13 март навишт, “Шӯрои Федератсия натиҷаҳои овоздиҳӣ дар 85 маҷлиси маҳаллиро ба даст овард. Ҳамаи онҳо мусбат ҳастанд. Шӯрои федератсия ин мавзӯъро дар ҷаласаи фардо баррасӣ мекунад”.

Русия 83 минтақаи маъмурӣ дорад. Тағйирот ба конститутсияи Русияро инчунин маҷлиси аз ҷониби Русия таъсисшуда дар нимҷазираи дар соли 2014 ишғолшудаи Қрим ва шаҳри бандарии Севастопол ҳам қабул карданд. Қрим то соли 2014 як бахше аз қаламрави Украина буд, вале шаш соли пеш бо шурӯи ҷанг дар шарқи Украина Русия ин қаламравро ишғол кард, вале ҷомеаи байналмилалӣ ин иқдоми Русияро маҳкум кардааст.

Тарҳи нави конститутсия мӯҳлати раёсатҷумҳурии Путинро то ин дам ба сифр баробар мекунад ва баъди анҷоми мӯҳлати кунунии президентиаш дар соли 2024 ба ӯ имкон медиҳад, ки дубора номзадиашро ба президетӣ пешбарӣ кунад. Путин соли 2000-ум сари қудрат омада буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон