Путин дар сари қудрат боқӣ мемонад, ё не?

Думаи давлатии Руссия рӯзи 9-уми март ба қонуни ин кишвар тағйиротеро қабул кард, ки муҳлати президентии Путинро беэътибор мекунад ва ба ӯ имкон медиҳад, ки дар сурати иҷозати Суди конститутсионӣ ба ду муҳлати пайдарпай ба ҳайси президенти ФР интихоб шавад.

Зимни баррасии тағйироти конститутсионӣ, вакили Думаи давлатӣ Валентина Терешкова пешниҳод кардааст, ки маҳдудиятҳо дар шумораи муҳлати президентӣ бардошта шавад, ё иҷозат дода шавад, ки Путин пас аз соли 2024 президент интихоб шавад.

Путин дар ин маврид дар думаи давлатӣ чунин гуфтааст: ”Аслан ин имконот имконпазир буд, аммо дар як шарт, агар Суди конститутсионӣ хулосаи расмӣ диҳад, ки ин тағйирот ба принсипҳо ва муқаррароти асосии Конститутсия мухолифат намекунад”.

Думаи давлатӣ бо гирифтани аксарияти овозҳо тағйироти бекор кардани муҳлати президентиро ба тавсиб расонд, ки қарор аст ҳамроҳ бо дигар тағйиротҳо ба Конститутсия, 22-юми апрел ба овоздиҳии умумихалқӣ гузошта шавад.

«Рейтерс» менависад, ки тибқи гуфтаи мунаққидон эҳтимол дорад, ки Путин сарвари Шӯрои давлатӣ бо ваколатҳои васеъ таъйин карда шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон