Узбакистон далели баргардонидани донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон шарҳ дод

Узбакистон далели баргардонидани донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон шарҳ дод

 Волидони донишҷӯёни узбакистонӣ ба мақомоти кишвар шикоят бурдаанд, ки ҳангоми интиқоли пул ба фарзандонашон ба мушкилӣ дучор мешаванд

Вазорати маорифи Узбакистон далели баргардонидани шаҳрвандони кишварро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон тавзеҳ додааст. Онҳо гуфтаанд, ки танҳо ба донишҷӯён имконият ё шонс медиҳанд, то ба донишгоҳҳои ватанӣ бе мушкилӣ баргарданд ва ин амали маҷбурӣ нест.

"Қарори баргаштан ё нагаштанро худи донишҷӯ қабул мекунад, чун ӯ ба ихтиёри худ ба донишгоҳи хориҷӣ дохил шудааст", - гуфтааст намояндаи вазорат.

Узбакистон далели ин пешниҳодро чунин тавзеҳ медиҳад: волидон шикоят кардаанд, ки ба донишҷӯёнашон пул интиқол дода наметавонанд, ё бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар феҳристи миллии Узбакистон нест ва масъалаи корбурди дипломи ин донишгоҳҳо дар кишвар зери суол меравад.

Вазорати маорифи Узбакистон таъкид кардааст, ки ин иқдоми мақомот бо эпидемияи коронавирус ё таҳдиди ҷалби ҷавонони узбакистонӣ ба сафи террористӣ рабте надорад. Ҳамчунин намояндаи ниҳод афзудааст, ки онҳо дар бораи қонунгузории Тоҷикистон, ки донишҷӯёни хориҷӣ танҳо баъди курси дувум ва дар фасли тобистон метавонанд ба дигар донишгоҳ интиқол ёбанд, хабар доранд.

 

Ёдрас мешавем, пештар Sputnik Тоҷикистон дар такя бар манобеи худ гузорш дод, ки Узбакистон донишҷӯёнашро ба кишвар бармегардонад.

Расонаҳои кишвар навишта буданд, ки ин иқдоми раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев аст. 

Донишҷӯёни узбакистонӣ на танҳо аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, балки аз кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба ватан бармегарданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/asia/20200210/1030691607/Uzbakiston-daleli-bargardonidani-donishnashro-az-Toikiston-shar-dod.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон