расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Неруҳои Русия ва Тоҷикистон дастаи 1200 нафараро “торумор” карданд

. / Ҷомеа

Неруҳои Русия ва Тоҷикистон дастаи 1200 нафараро “торумор” карданд

Вазорати мудофиаи Русия видеои давраи асосии машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷикистон дар машқгоҳи Ҳарбмайдонро нашр кард.
Ин машқҳои муштарак аз 20 то 28 ноябр давом карда, давраи асосиаш дар Ҳарбмайдон рӯзи 26 ноябр доир шудааст. Тибқи сенария, нирӯҳои Русияву Тоҷикистон як нирӯи мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки аз 1200 ҷангӣ иборат буд, нобуд кардааанд. Душманро дар муҳосира қарор дода, сипас бо оташи РСЗО “Град”, “Урагана” ва тӯпҳои худгарди “Акатсия” таҳти пуштибонии силсилаи чархболҳо аз байн бурдаанд. Дар ин машқҳо танҳо аз ҷониби Русия беш аз 3 ҳазор афсару аскари пойгоҳи 201-ум бо беш аз 550 воҳиди техникаву таслиҳоти низомӣ иштирок кардаанд.Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷ ба шумор рафта, ҳудуди 7 ҳазор сарбозу афсарро дар бар мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 замони будубоши ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид кард

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.