Ҳуҷуми Толибон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон: 17 кас кушта шуд

Ҳуҷуми Толибон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон: 17 кас кушта шуд

 Дар паи ҳуҷуми Толибон ба постгоҳи ҳимоятгарон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳабдаҳ кас кушта шуд

Гурӯҳи тундрави Толибон (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) ба минтақаи Тахори воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳуҷум карданд.

Ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад шабакаи 1TV.

Бино ба гуфти намояндаи губернатори Таҳор, Толибон ба посгоҳ ҳимоятгарони миллӣ ҳуҷум кардаанд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар паи ҳуҷум 17 кас аз ҳимоятгарон кушта шуда, чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар натиҷаи ин бархӯрд чор ҳимоятгари дигар захмӣ шуданд.

Дар Афғонистон Толибон ҳамоно ба манотиқи марзӣ ва шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.

 

Ҳамчунин дар ҳудуди кишвар пурзӯр шудани ҳамлаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) ба назар мерасад.

 

Мақомоти қудратии Афғонистон бо гурӯҳҳои тундрав мубориза мебаранд.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191229/1030470174/hujum-Tolibon-ba-marz-Tojikiston-Afgoniston-17-kas-kushta-shud.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон