Русия киштиҳои Украинаро бозмегардонад

Русия киштиҳои Украинаро бозмегардонад

 Русия гуфтааст, ки ният дорад рӯзи 20 ноябр,  чоршанбе киштиҳои ҳарбии Украинаро бозпас гардонад.

Бояд гуфт, ки як сол қабл дар натиҷаи муноқиша байни Украина ва Русия дар гулӯгоҳи Керч се киштии ҳарбии Украина бо ҳайати маллоҳонашон ба дасти артиши Русия афтида буданд.

 

Тибқи иттилои ТАСС субҳи рӯзи якшанбе як киштӣ ва ду катери зиреҳпӯш аз бандари Керч ба бандари баҳри Сиёҳ оварда шуд.

 

Русия соле қабл киштиҳоро бо иттиҳоми убури ғайриқонуни сарҳад бо ҳайати маллоҳон ба гарав гирифта буд ва ҳайати маллоҳони украини баъд аз мурофиаи суди ба ватанашон баргардонида шуда буданд, акнун бо баргардонидани киштиҳо Маскав мехоҳад як қисми созишномаро бо Киев иҷро намояд.

 

Украина нигоҳ доштани киштиҳоро амали таҷовузкорона номида аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои бар гардонидани киштиҳо кӯмак хоста буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон